Истеъфои Аҳлиддин Турдиев: Виҷдонам нагузошт, ки биистам
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии тими “Далерон-Уротеппа” аз тасмимаш дар бораи истеъфо хабар додааст.
Турдиев оғози моҳи феврал ба курсии сармураббии клуби Истаравшан нишаста буд. “Пас аз бозии “Далерон-Уротеппа” бо “Хайр” (0:1) тасмим гирифтам, ки ба истеъфо биравам. Ин тасмими худи ман аст. Виҷдонам нагузошт, ки минбаъд дар тими Истаравшан кор кунам. Ман табиатан бохтро дӯст намедорам, чӣ замони бозигар будан ва чӣ дар вақти сармураббӣ буданам”,-гуфтааст ӯ ба торнамои ФФТ.
Ба қавли вай, ӯ аслан ба “ситора”-ҳои футбол умед дош, ки “бархеи онҳо умеди маро бароварда накарданд. Маълум гардид, ки то “ситора” шудан хеле вақт ҳаст”.
“Далерон-Уротеппа” зери раҳбарии Турдиева дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ҳафт бозӣ анҷом дод, ки танҳо дар дутои он дастболо шуд. Дар ҷадвали мусобиқот бо ҳашт хол дар ҷои ҳаштум аст.
Гуфта мешавад, ҳоло ” Асатулло Нуруллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Далерон-Уротеппа таъин шудааст
Аз ин пештар Ғайраталӣ Мираҳмадов аз вазифаи сармурабии тими “Равшан”-и Кӯлоб ба истеъфо рафта буд.