Мурофиаи волидон барои ба масҷид рафтани ноболиғон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар тӯли як моҳи охир дар ду ҳолат паадру модари наврасонро барои дар масҷид намозгузорияшон ҷарима баста ва огоҳӣ додааст. Додгоҳ ин қазияҳоро аз рӯи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда, волидайни фарзандони намозхонро барои он ки аз уҳдаи тарбияи писаронашон набаромадаанд, муҷрим шинохтааст.
Аз ҷумла, бар асоси иттилои масъулони додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Сироҷиддин Мирзоевро барои он ки писараш Муҳаммадраҷаб, хонандаи синфи 8, тахминан соати 22:10 барои хондани намоз ба масҷиди Ҳоҷӣ Ёқуб рафтааст, ба андозаи 40 сомонӣ ҷарима бастааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин, Хуристон Худоёроваро барои он ки фарзандаш дар вақти дарс барои хондани намоз ба масҷид рафтааст, тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳкор дониста, огоҳӣ додааст. Дар Тоҷикистон тибқи қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ба масҷид рафтани то 18-солаҳо манъ аст.