Русия гуфт, “Окно” ба навбатдории ҳарбӣ оғоз мекунад (АКС)
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки тобистони соли ҷорӣ системаи назорати кайҳон -“Окно”-ро дар Тоҷикистон озмоиш намуда, бо иқтидори пурра фаъол мекунанд. Алексей Золотоухин, намояндаи Вазорати дифои Русия, ба “РИА-Новости” гуфтааст, баъд аз озмоиш “Окно” бо иқтидори пурра ба навбатдории ҳарбӣ оғоз хоҳад кард.
“Окно” дар баландии 2 ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр дар болои ағбаи Шар-Шар дар Норак воқеъ буда, аз соли 2004 ба ивази лағви як миқдор қарзи Тоҷикистон ба ихтиёри Русия гузашт. Ин система аз 10 зеристгоҳ иборат буда, то ҳол қисми камашон фаъол будаанд.
Ба иттилои масъулини Вазорати дифои Русия, баъд аз пурра фаъол кардани “Окно” он имкон медиҳад, тамоми таҷҳизот аз баландии 2 ҳазор то 40 ҳазор метр сабт ва назорат шаванд. Феълан 9 ҳазор объект дар феҳрасти назоратии “Окно” ворид мебошанд.