Ашраф Гулов задухӯрди муҳоҷирон дар “Маскав-Ситӣ”-ро таҳқиқ кардааст (ВИДЕО)
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори задухӯрди дастаҷамъонаи муҳоҷирони кориро дар Маскав, ки бархӯрд миёни тоҷикону узбакон арзёбӣ мешуд, таҳқиқ карда, эълон намудааст, ки тоҷикон дар он иштирок накардаанд.
Тавре Ҳабибулло Каримов, масъули сафорат ба “Озодагон” иттилоъ дод, таҳқиқи қазия дар пайи дастури Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав таҳти роҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар ин кишвар сурат гирифтааст: “Кормандони хадамоти консулгарии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса-сохтмони “Маскав-Ситӣ” рафта, баъди суҳбат бо мудири кулли ширкати туркӣ, Ҳасан Ускан, ки ин сохтмонро ба уҳда дорад ва бригадири сохтмон Ҷартиф Эркин, ки зодаи Кӯлоб аст, муайян намудаанд, ки ягон тоҷик дар ин задухӯрд иштирок накардааст. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон ва тахминан 150 – 200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.”
Ба иттилои манбаъ пулиси минтақаи Пресненскаяи шаҳри Маскав низ тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд: “Маълум гардид, ки муноқишаи дастҷамъона рӯзи 26 майи соли ҷорӣ дар наздикии маҳаллаи “Маскав Ситӣ” миёни коргарони сохтмон рух додааст, ки ҳамаашон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.”
Ин дар ҳолест, ки 29-уми май дар саҳифаи Ютуб (YouTube) навори видеоие роҳ ёфтааст, ки аз задухӯрди дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия хабар медиҳад. Дар ин навори видеоӣ, ки ба гумони ағлаб тавассути яке аз шоҳидони ҳодиса бо телефон бардошта шудааст, дида мешавад, чи гуна ду гуруҳи 50-нафарии муҳоҷирон бо асбобҳои сохтмонӣ болои якдигар ҳамла мекунанд.