Аҳди “хомӯшӣ”-и мақомот бо эътирозгарон дар Хоруғ
Эътирозгарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ бо мақомот аҳд кардаанд, ки то охири тафтишоти қазияи тирпаронии 21-уми май ва ҳодисаҳои баъдӣ аз додани изҳорот дар ин бора худдорӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора ба “Озодагон” Алим Шерзамонов, яке аз намояндагони эътирозгарон ва роҳбари бахши Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон хабар дода, афзуд, ки ҳоло ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, барои муташанниҷ нашудани вазъ то анҷоми тафтишот аз пахши изҳороти носанҷида худдорӣ намоянд.
Шерзамонов таъкид кард, ки ин тафовуқ маънои мутлақ сукут карданро надошта, ҷонибҳо бояд аз изҳори назари туҳматомез худдорӣ кунанд: “Дар рӯзҳои аввали тирпаронӣ ҷониби ҳукумат шаҳрвандони дастдошта дар тазоҳзуротро ҷинояткор эълон карданд. Мо ҳам дар навбати худ ҳукуматро барои ин ҳаводис ҷинояткор гуфтем. Тавофуқи мо атрофи ҳамин масъала аст, ки изҳороти носанҷида надиҳему нисбати якдигар беэҳтиромӣ накунем.”
Алим Шерзамонов гуфт, ки талаби дигари онҳо дар мавриди муҷозот ва дар пайгарди ҷиноятӣ қарор надодани ширкаткунандагони тазоҳурот аз тарафи ҳукумат то ба ҳол қабул нагардидааст: “Мо, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар талаби қаблии худ истодаем. Мудоме, ки издиҳоми мардум дар ҷавоб ба тирпаронӣ буд, набояд нисбати онҳо таъқиби ҷиноӣ пиёда шавад. Вале ҳукумат бо ин розӣ нашуда истодааст.”
Алим Шерзамонов илова намуд, ки ҳоло тафтишот идома дошта, ҷомеаи шаҳрвандӣ умедвор ҳастанд, ки ин тафтишот ба таври мунсифона ва беғараз анҷом хоҳад ёфт.