Маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон ва...
Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард барои солҳои 2014-2016 аз санадҳое ҳастанд, ки дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуданд. Маҷлиси мазкур 30 май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, баргузор шуд.
Тавре торнамои раисиҷумҳур иттилоъ додааст, дар оғози маҷлиси ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, “аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ” тасдиқ шудаст.
Инчунин, дар маҷлис чанд тарҳи қонун, аз ҷумла “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ пешниҳод гардидааст.
“Ба баррасии Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаҳои ҳукумат ба лоиҳаи қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ба лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” пешниҳод карда шуд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Дар маҷлис қарори ҳукумат дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ қабул шудааст, ки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварро муваззаф мекунад, “ба ташкил ва рушди ин кори пурманфиат мусоидат намоянд”.
Ба ҷуз ин, “дастуру супоришҳо доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ва то ба 400 мегаватт расондани иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар он, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, Комбинати металлургии Зарнисор дар шаҳри Истиқлол, Корхонаи коркарди миси ширкати муштараки Зарафшон дар шаҳри Панҷакент, Корхонаи истеҳсоли трактор ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони беларусӣ ва оид ба амалисозии бисёр тавофуқоти дигари дар ин се кишвар ҳосилшуда дода шуд”,-менависад торнамои президент.