$29 млн. Амрико барои табобати касалии қанду гулӯзиндонак (АКС)
Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 29 миллион доллари амрикоӣ дорувор гирифтаанд. Ин дорувор имрӯз, 30 май дар як маросими вижа тақдим шуд ва дар расми супоридани он Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва Лола Бобохоҷиева, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Доруворро ҳамчун ёрии башардӯстона ширкатҳои хусусии ИМА ва бахшҳои амрикоии ширкатҳои байналмилалии дорусозӣ, аз қабили Sanofi Pasteur, Merck, Eli Lilly, Hospira, GlaxoSmithKline, Alcon, Abbvie, Janssen ва Shire тақдим намуда ва он тавассути Вазорати умури хориҷаи ИМА ва лоиҳаи ҲОУП (Имконоти тандурустӣ барои мардум дар тамоми ҷаҳон”) ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ин кумак аслан аз инсулин (ба маблағи 5,4 миллион доллар) ва ваксинаҳои зидди кузоз ва гулӯзиндонак (ба маблағи 10,2 миллион доллар) иборат буда, барои мардум ройгон тақсим мешавад. “Лоиҳаи ҲОУП дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон дармонгоҳҳоеро, ки ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доранд, интихоб кард ва таҳвили лавозимотро ҳамоҳанг намуд”,-хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Лоиҳаи ҲОУП созмони байналмилалӣ дар соҳаи беҳдошти саломатӣ буда, аз соли 2001ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин муддат ба маблағи зиёда аз 408 миллион доллар ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ ворид кардааст.