Раъду барқ дар Русия ҷони як шаҳрванди Тоҷикистонро гирифт
Дар пайи зарбаи шадиди раъду барқ дар вилояти Курски Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.
Тавре дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят хабар медиҳад, ин муҳоҷири 24-солаи тоҷик аз борони шадид зери дарахте паноҳ мебарад, ки таъисири зарбаи раъду барқ ба ӯ низ мерасад.
Ин ниҳод мегӯяд, рӯзи 29 майи соли ҷорӣ дар баробари ин шаҳрванди Тоҷикистон як сокини 52-солаи маҳаллӣ низ бар асари зарбаи раъду барқ ҷон медиҳад. Дар бораи ному насаби ин муҳоҷири тоҷик чизе зикр нашудааст.