Задухӯрди муҳоҷирони тоҷику узбак дар “Москва-Сити”
Дар саҳифаи Ютуб (YouTube) навори видеоие роҳ ёфтааст, ки аз задухӯрди дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия хабар медиҳад.
Ба навиштаи нашрияи “Комсомолская правда”, ин задухӯрд рӯзи 29 майи соли ҷорӣ миёни ду гуруҳи сохтмончиён дар назди маҳалли наздик ба “Маскав-Ситӣ” ба миён омадааст. Дар ин навори видеоӣ, ки ба гумони ағлаб тавассути яке аз шоҳидони ҳодиса бо телефон бардошта шудааст, дида мешавад, чи гуна ду гуруҳи 50-нафарии муҳоҷирон бо асбобҳои сохтмонӣ болои якдигар ҳамла мекунанд.
Тавре аз сухану ҳарфҳои онҳо бар меояд, яке аз ҷонибҳо муҳоҷирони кории Узбакистон мебошанд. Аксари шарҳнависон ҷониби дигари задухӯрдро тоҷикон гуфтаанд, вале дар навор ҳеч гуна гуфтору ҳарфи тоҷикӣ шунида намешавад. Нашрияи “Комсомолская правда” менависад, ин задухӯрд миёни муҳоҷирони корӣ як муддати кӯтоҳ давом карда, ҳатто дар робита касе ба пулис шикоят ҳам набурдааст. Дар ҳамин ҳол, маъмурони пулиси Маскав дар суҳбат бо нашрияи мазкур гуфтаанд, аз чунин як задухӯрд дар маҳалли “Маскав-Ситӣ” огаҳӣ надоранд: “Ҳоло мо низ дақиқ намедонем, ин задухӯрд миёни сохтмончиёни кадом бино рух додааст.”
Задухӯрди дастaҷамъона миёни муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бори аввал нест. Ахиран чунин як занозанӣ миёни муҳоҷирони узбаку тоҷик рух дода буд. Тавре расонаҳои русӣ хабар дода буданд, шоми 16 ба 17 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Кировски Санкт-Петербург миёни як гуруҳи тахминан 15-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон задухӯрд ба миён омада, дар натиҷа ҷасади Элдор Бутаев, муҳоҷири 18-солаи узбак, дар макони наздик ба ҳодиса пайдо шуда буд
Ҳамзамон шоми 16 ба 17 майи соли ҷорӣ тахминан соатҳои 23:50 ба бемористони рақами 26-и Кировск шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин интиқол дода шудааст. Пулиси шаҳри Санкт-Петербург дар пайи тафтишоти кормандони худ эълом карда буд, ки ин задухӯрд миёни муҳоҷирони кории узбаку тоҷик, ки ҳоло омили аслии он маълум нест, ба миён омадааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қатли Бутаев боздошт шуда, дар робита ба захмӣ шудани муҳоҷири 30-солаи тоҷик шаҳрванди 24-солаи Узбакистон айбдор дониста мешавад, ки қаблан доғи судӣ дошта, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Пулиси Санкт-Петербург аз бурдани ному насаби афроди боздоштгардида худдорӣ намуда, мегӯяд, тафтишоти ин қазия ҳоло ба поён нарасидааст.