Баҳси фазои сармоягузорӣ ва гузориши Озодаи Эмомалӣ ба президент
Имрӯз, 30 май, дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон корҳои то анҷомдодашуда ва нақшаҳо барои оянда баррасӣ шудаанд.
Тибқи иттилои котиботи Шӯрои машваратӣ Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа ба ҳозирин роҳбари нави котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов ва аъзои нав аз ҳисоби бахши хусусии ватанӣ, роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шораҳматов Шорауф, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» - Додхудоева Набот ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» - Ғуломов Акбарро муаррифӣ намуда, аз рӯи барнома ҳисоботи ҳозиринро гӯш намуд.
Қодири Қосим, котиби масъули Шӯро аз масъалаҳои дар ҷаласаҳои гузашта баррасишуда гузориш дода, афзудааст, ки қарорҳои дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ ва нақшаҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд: “Барои беҳбуди хизматрасонӣ дар фурудгоҳ Одобномаи кормандони фурудгоҳ қабул гардида, аз ҷониби Хадамоти гумрук низ нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат қабул карда шуд. Аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии Вазорат таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст, ки кори ширкатҳои туристиро хеле осон ва самаранок кардааст.”
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вобаста ба супоришҳо дар бораи рушди соҳаи суғурта гузориш дода, афзудааст, ки лоиҳаи қақшаи чорабиниҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод карда шуданд.
Раҳмон Озода Эмомалӣ, муовини аввали вазири умури хориҷӣ ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба раисиҷумҳур оид ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар ниҳояти ҷаласа Қодири Қосим масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро пешниҳод намудаст.