Парлумони Тоҷикистон 25 майро рӯзи ид эълон кард
Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 30-уми май бо тасдиқи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи “Дар бораи рӯзҳои ид” ба тақвими тоҷикистониён иди навро зам намуд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷараёни ҷаласаи парлумон хабар дод, минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон 25-уми май ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология таҷлил хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ ташаббускори ин навоварӣ ҳукумати Тоҷикистон баромад кардааст.