Мақомоти махсус барои тафтиши дороиҳои мансабдорони тоҷик
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 30 май ба қонун дар бораи хизматчиёни давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки ба дақиқ намудани ҳаҷми воқеии дороии мансабдорони давлатӣ равона шудааст.
Гурез Қосимов, муовини раиси Оҷонсии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тағйирот дар назди вакилони парлумон гуфт, эъломияи даромаду дороие, ки хизматчиёни давлатӣ пешниҳод мекунанд, минбаъд аз ҷониби мақомоти махсус тафтиш хоҳад шуд ва муайян мегардад, ки оё тамоми дороию даромад дар он сабт шудааст, ё на.
Ҷаноби Қосимов таъкид кард, ки натиҷаи ин санҷиш ба истиснои бархе аз ҳолатҳо оммавӣ нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи сарватмандҳоянд, ки дар эъломияҳои расмии даромадашон на ҳамаи дороии худро нишон медиҳанд.