Даъвати писари Аҳмадшоҳи Масъуд барои ҳимоят аз доктор Абдулло (ВИДЕО)
Дар арафаи давраи дуюми интихоботи Афғонистон Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид аз тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ" ҳимояти худ аз доктор Абдулло Абдуллоро эълон карда, мардуми кулли кишварашро барои ҷонибдорӣ аз ӯ даъват мекунад.
Аҳмад Масъуд мегӯяд, ягона номзади лоиқ ба мансаби президентии кишвараш доктор Абдулло Абдуллоро меҳисобад. Ба гуфтаи Масъуд, Абдулло қудрати баровардани миллати афғон аз бунбастро доро буда, ҳамзамон аз ҷонибдории аксари шаҳрвандон бархӯдор асту ҷомеаи байналмилалӣ ӯро хуб мешиносад. Писари Аҳмадшоҳи Масъуд бар ин аст, ки ҳукумати феълии Афғонистон дигар тавони идорӣ ва раҳбарии мардумро аз даст додаасту сокинони ин кишвар бояд дар фикри гузинаи он бошанд.
“Ҳукумати феълӣ на ин ки замони фаъолияташ ба поён расид, балки миллатро дигар аз он хайру умеде нест. Миллати наҷиби Афғонистон барои таъмини ояндаи хуби хеш ба хотири берун рафтан аз бунбаст, бояд гузинаеро интихоб кунад. Идомаи раванди кунунӣ дигар армуғонеро барои миллат дар пай нахоҳад дошт”,-таъкид доштааст ӯ.
Ҷонибдорӣ ва ҳимояти шахсиятҳои маъруф ва бонуфузи Афғонистон аз номзадии доктор Абдуддло Абдулло ба мақоми президентии ин кишвар бори аввал нест. Ахиран дар пайи эълони натоиҷи аввалияи интихобот Залмай Расул ва Гулоғо Шерзай, номзадҳои дигари интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдулло Абдулло хабар доданд.
Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи ҳудуди 90%-и овози раъйдиҳандагон аз пешсаффии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии кишвараш хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, доктор Абдуллоҳ бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш дар интихоботи президентии Афғонистон пешгом аст. Ба иттилои манбаъ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дошта, Зулмай Расул 11, 1 дарсад раъйро соҳиб шуда буд.
Ин ниҳод дар пайи эълони натоиҷи интихоботи 5 апрели Афғонистон эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.