Чемпионати Тоҷикистон: Ғалабаи “Истиқлол” ва шикасти “Равшан”
Панҷшанбеи 29 май чор бозии даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
“Истиқлол” дар меҳмонӣ дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Ҳисобро дар дақиқаи 12 Дэвид Мауто боз кард. Баъдан, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Умедҷон Шарипов ба дарвозаи ҳариф яктоӣ гол заданд.
“Хуҷанд” ҳам дар меҳмонӣ дастаи “Равшан”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Голҳои “Хуҷанд”-ро Чарлз Теко, Фирӯз Юсупов ва Манучеҳр Аҳмадов ва тӯбҳои “Равшан”-ро Наврӯз Рустамов заданд.
“Хайр” дар майдони худ бар “Далерон-Уротеппа” дастболо шуд. Голи ягонаи дидорро Айдох Наполеон дар дақиқаи 75-ум вориди дастаи ҳариф сохт.
Дидори ССКА “Помир” ва “Энергетик” 2:0 поён ёфт. Муаллифи голҳо Алишер Холмуродов ва Бахтиёр Ҳасанов буданд.
Як бозии дигари даври 7-ум миёни дастаҳои “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” ба 17 июн гузаронда шудааст. Далели ин тағйирот ширкати панҷ бозигари “Вахш” дар ҳайатии тими яккачини наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий-2014 аст, ки дар Боку мегузарад.
Баъди анҷоми даври 7-ум “Истиқлол” бо 19 имтиёз дар ҷои аввали ҷадвали мусобиқот аст. “Хуҷанд”, ки 14 хол дорад дар ҷои ду ва “Хайр” бо 13 имтиёз дар зинаи сеюманд. “Парвоз” дар мақоми 4 (12 хол), “Регар-ТадАЗ” ҷои 5 (10), “Энергетик” зинаи 6 (8), “Далерон-Уротеппа” ҷои 7 (8), “Вахш” зинаи 8 (6), “Равшан” ҷои 9 (6) ва ССКА “Помир” зинаи 10 “1” қарор доранд. Дар ин миён “Регар-тадАЗ” ва “Вахш” шаш бозӣ анҷом додаанд.