Истеъфои Ғайраталӣ Мираҳмадов аз мақомаш дар "Равшан"
Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон -- “Равшан”-и Кӯлоб баъди бозии даври 7-уми чемпионати кишвар эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Дар ин бозӣ “Равшан” аз “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
“Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, то охирин лаҳза бо “Равшан” будам. Ҳоло расман аз истеъфои худ изҳор медорам. Ин тасмими шахсии ман аст. Бо “Равшан” беҳтарин мавсимҳои футболро пушти сар кардам. Ду маротиба паи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Имрӯз баъди анҷоми бозӣ бо “Хуҷанд” тасмим гирифтам, ки истеъфо равам. Ба ҳамаи онҳое ки бо ман кор карданд изҳори ташаккур мекунам ва ба онҳо зери раҳбарии сармураббии нав барор мехоҳам”,-изҳор доштааст Ғайраталӣ Мираҳмадов ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.