«Койка» бахши энержии Тоҷикистонро кӯмак мекунад
Дар вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон маросими асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва амалигардонии лоиҳа оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд бо ҳамдастии оҷонсӣ оид ба робитаҳои байналмилалии «Койка»-и Кореяи ҷанубӣ баргузор гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати номбурда хабар доданд, зимни ин чорабинӣ Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва дастгирӣ бобати бунёд намудани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ-обӣ, бартараф кардани камчинии барқ дар навоҳии кӯҳистон, истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба таври муфассал маълумот дод. Ҳамзамон, Ро Сонг-Мин, сафири Корея дар Тоҷикистон гуфт, онҳо итминони комил доранд, минбаъд ҳамкориҳоро тариқи оҷонсии мазкур бо вазорати энергетика ва саноат ва зерсохторҳои он роҳандозӣ кунанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар сурати дар Тоҷикистон созмон додани намояндагии оҷонсии «Койка» якҷоя барои ҳалли мусбии масъалаҳои соҳаи энергетика муваффақ гашта, дар ин замина ҳамкориҳоро таҳким бахшидан имконпазир аст.