Боздошти ҷавони 22-сола бо иттиҳоми фурӯши “Зумрад”
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз як сокини ноҳияи Турсунзода 6 санги қимматбаҳо мусодира кардааст.
Бино ба иттилои торнамои вазорат, “ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дасти Азизҷон Муҳиддинови 21-сола 6 санги қимматбаҳои навъи “зумрад” дар дохили селофани полиэтиленӣ ёфт шуд”.
Манбаъ мегӯяд, зимни чорабиниҳои иловагӣ, муайян шудааст, ки дастгиршуда сангҳои мазкурро аз Раҷабалӣ Қаюмзодаи 22-сола ба маблағӣ 1000 доллар харидорӣ кардааст.
"Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад",-меафзояд сарчашмаи хабар.