Тарофа, таруфа, тариф ё таърифа?
Абдуқодири РУСТАМ
Намедонам он кас, ки нахуст “тарофа”-ро ба забони мо овард, онро аз кадом гӯри кӯҳна пайдо карда ва худи ӯ аз ин вожа чӣ мефаҳмад. Вале аҷабам меояд аз дигарон, ки бо осемасарӣ ва муташаккилии “коммунистона”, ки ҳазорон ҳазорашон билетҳои сурхашонро дур афканданду ба Ҳизби халқӣ- демократӣ пайвастанд ва агар фардо раиси ҷумҳурӣ аз ҳизби исломӣ бишавад, бо шитобу таъҷил муқоми имомии масоҷидро ғасб хоҳанд кард, “тарофа”-гӯю “тарофа”-навис шудаанд.
“Тарофа” дар огаҳиҳои бузурги ширкатҳои мухобиротӣ хиёбонҳои Душанберо “ороиш” медиҳад ва ба забони расонаҳо низ ворид шудааст.
Барои мисол:
“Шояд дар қиёс бо дигар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, “Вавилон-Т” пешрафтатар бошад, вале нархи тарофаҳо ва хидматрасонии он мисли дигар ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон бо ҷайби мардуми Тоҷикистон – кишваре, ки бахши аъзами аҳолиаш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, мувофиқат намекунад” (“Озодагон”, №18, 1 майи соли 2008)
“Масъулини ин ширкат мегӯянд, ки тарофаҳо барои сокинони маҳаллии канори ин роҳҳо муайян хоҳад шуд ва эҳтимол, аз тарофаҳои муқаррарӣ камтар хоҳад буд” (“Озодагон”, № 20, 26 майи соли 2010)
“Дар нишасти хабарии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” чунин даъвое вуҷуд доштааст, ки фурудгҳҳо ва “Тоҷикаэронавигатсия” қарори ҳукумат дар мавриди паст кардани тарофаҳоро иҷро намекунанд. Яъне, он нархномаҳое, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” мувофиқи қарори ҳукумат бо арзиши камтар муайян шудааст, ҳанӯз ҳам аз рӯи тарофаҳои қаблӣ ба фурудгоҳ ва “Тоҷикаэронавигатсия” пардохт мекунад” (Озодагон, №04, 26 январи соли 2011).
Бояд афзуд, дар ҷумлаи аввал на танҳо “тарофа” ғалат аст, балки таркиби “нархи тарофаҳо” ғалаттар мебошад, зеро “таърифа” дар худ мафҳуми нархро низ гунҷоиш додааст.
Гоҳе ин вожаро ба сурати “таъруфа” ва “таруфа” низ овардаанд. Чунончи, дар огаҳии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, ки исми расмиаш КВХД “Тоҷик Эйр” будааст: “КВХД “Тоҷик Эйр” паст кардани таруфаҳоро дар самти Душанбе – Иркутск ва Кўлоб -- Москва эълон менамояд” (“Азия-Плюс”, № 27, 8 июли соли 2009).
Ёдам ҳаст, ки тоҷикон ин калимаро дар даҳаҳои 70-уму 80-уми қарни гузашта ба шакли русии он, яъне “тариф” истифода мекарданд. Баъд дар солҳои поёнии шӯравӣ шакли “таърифа” пайдо шуд. Вале “таърифа”, ки асли ин калима ва шакли дурусти он аст, ба гӯши кӣ нохуш омад, намедонам! Ба ҳар сурат, ин вожа ҳам мисли “додситон”, “додрас”, “раиси ҷумҳурӣ” ва чанд вожаи асили дигар баъд аз истиқлоли Тоҷикистон аз доираи истеъмоли расмӣ берун ронда шуд ва “тарофа”-и булъаҷаби лаънатӣ ҷойгузини он гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки “таърифа” арабист ва изофа бар он ки асли “тариф”-у “тарофа” аст, бо вожаҳои барои ҳар тоҷик фаҳмои “таъриф”, “муъарафӣ”, “маърифат”, “ориф” ҳамреша аст ва бояст дубора ҷойгузини “тарофа”, ки чун тарошаи уфтода аз бом аст, бишавад.