Қоҳир Расулзода омодагӣ ба зимистонро оғоз намуд
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо баргузории як машварати корӣ барои омодагӣ ба зимистони солҳои 2014-2015 супоришҳо додааст.
Тибқи иттилои котиботи сарвазир зимни ҷаласа аз ҷумла таъкид шуд, ки иқтидори Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе дар давоми соли равон ба 100 мГв расонида шуда бо Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе пайванд гардад.
Расулзода аз ҷумла ба масъулин супориш додааст, маводи сўхт ва ангиштсанг барои кори бемайлони марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе таъмин гардад.