Интихоби мушкили кӯдакони ҷӯгӣ: Таҳсил ё талбандагӣ?
Вуҷуд надоштани мактаби махсус, монеагузории волидон ва набудани шаҳодатномаи таваллуд аз иллатҳои аслии дур мондани фарзандони қавми ҷӯгӣ аз таҳсил дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Аҳлиддини 16-сола баъд аз хатми синфи чорум дар филиали мактаби миёнаи рақами 97-и шаҳри Ваҳдат, ки дар Тундара, маҳаллаи хоси ҷӯгиҳо, ҷойгир аст, ба таҳсилаш идома надод. Ӯ мегӯяд, маҷбур буд, аз синфи панҷ то ёздаҳ дар бинои асосии ин мактаб, ки дуртар аз маҳаллаи онҳо воқеъ асту аксари талабагонаш тоҷик мебошанд, таҳсил кунад. Ҳоло Аҳлиддин барои таъмини хонаводаи худ ба талбандагӣ машғул аст: “Саводи камтар доштам ва аз тоҷикон қафо мемондам. Сару либос ва шеваи гап задан низ маро аз онҳо фарқ мекунонд. Дар миёнашон худро бегона ҳис кардам ва он ҷойро тарк намудам.”
Аз рӯи маълумоти ба қайдгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар ҳудуди Тоҷикистон наздик ба 2 ҳазору 300 лӯлӣ зиндагӣ дошт. Аммо бархе аз роҳбарони қавми ҷӯгӣ теъдоди умумии лӯлиҳо дар кишварро ба 40 ҳазор баробар медонанд. Надоштани шаҳодатномаи таваллуду шиноснома ва муҳоҷират боис гардидааст, то теъдоди дақиқи лӯлиҳо мушаххас шавад. Лӯлиҳо дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар Тоҷикистон лӯлиҳо дар баъзе навоҳии вилояти Суғд, Хатлон ва инчунин Ваҳдат ҷойгир шуда, бо расму анъанаи ба худ хос ва ҷудо аз дигар сокинони маҳаллӣ зиндагӣ доранд. Лӯлиҳо бо шеваи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, монанди аксар аҳолии Тоҷикистон суннимазҳабанд.
Лӯлиҳо кӯдаконашонро одатан барои талбандагӣ мефиристанд, ки ин мушкили аслии дастрасӣ ба таҳсил аст. Зарнигори 8-сола аз деҳаи Тундара хоҳиши ба мактаб рафтанро дорад, аммо ҳамзамон наметавонад аз даромади рӯзмарраи худ даст кашад. Даромади якрӯзаи Зарнигор аз 7 то 10 долларро ташкил медиҳад. Омӯзгорони маҳаллӣ мегӯянд, ҳамеша ба кӯдакон таъкид мекунанд, то ба мактаб раванд. Барно собиқаи даҳсолаи корӣ бо донишомӯзони ҷӯгиро дорад. Ӯ мегӯяд, рӯзи кории худро аз хонаи лӯлиҳо шурӯъ мекунад ва кӯдаконро қабл аз талбандагӣ рафтан ба мактаб меорад. “Ҳар субҳ омӯзгорон бо ҷангҷоли зиёд кӯдаконро ба мактаб мебаранд. Агар онҳоро роҳат гузорӣ, аз саоти 6-и субҳ ҳамроҳи модар ва хонаводаашон ба талбандагӣ мебароянд”,-нақл мекунад Барно.
Рӯзи боздиди хабарнигори IWPR аз мактаби деҳаи Тундара, ки 4 синфхона дорад, ҳамагӣ 8 талаба дар дарс ҳозир буданд. Муаллима гуфт, аксари кӯдакони лӯлӣ шаҳодатномаи таваллуд надоранд: “Лӯлиҳо ба қонунҳои мо эътибор намедиҳанд. Онҳо издивоҷи худро расман ба қайд намегиранд, аз рӯйи оини исломӣ никоҳ мекунанд. Занҳо на дар таваллудхона, балки дар манзили зист кӯдаконро ба дунё меоранд ва аз ин хотир кӯдакони онҳо шаҳодатнома надоранд.”
Ба монанди мактаби миёнаи ибтидоии Тундара барои ҷамъияти лӯлиҳо дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ мактаби махсус сохта шудааст. Ин мактабро ҳукумати кишвар дар соли 2006 бо кумаки молии созмонҳои байналмилалӣ бунёд карда буд. Иштироки хонандагон дар ин мактаб ҳам хеле кам аст. Дар соли аввали фаъолият ин мактаб 100 хонанда дошт, ки баъдан аксари онҳо аз таҳсил канор рафтанд.
Гирифтани маълумот дар Тоҷикистон хусусияти ҳатмӣ дорад. Дар соли 2011 ҳукумати кишвар қонуне қабул кард ва тибқи он падару модароне, ки барои таҳсили фарзандон монеа эҷод мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Аммо касе гуфта наметавонад, ки падару модарони лӯлиҳоро барои монеаи таҳсили фарзанд то ба имрӯз ба ҷавобгарӣ кашидаанд ё на. Аҳлиддин ва дигар ҷавонони лӯлӣ хостори таъсиси мактаби махсус ҳастанд. Аммо як корманди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зарурати таъсиси мактаби махсуси лӯлиҳо то синфи 11-ро намебинад. Ӯ мегӯяд, “давлат барои омӯзиши кӯдакони лӯлӣ ҳеч монеаеро эҷод накардааст. Агар онҳо санадҳое ба монанди шаҳодатномаи таваллуд доранд, метавонанд дар дилхоҳ мактаби кишвар таҳсил гиранд ва касе ҳам монеи таҳсили онҳо нахоҳад шуд. Баръакс, солҳои охир талош мешавад, шароити таҳсил барои лӯлиҳо беҳтар шавад.”
Абдураҳмон Хонов, вакили парлумон, хостори он аст, ки масъалаи ҷалби кӯдакони лӯлӣ ба таҳсил бояд тавассути падару модаронашон ҳал карда шавад. Ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ лӯлиҳо бештар бо талбандагӣ ва бесаводии худ чӣ дар дохилу хориҷ обрӯи кишварро “мерезонанд” ва барои ҳамин босавод кардани онҳоро муҳим мешуморад. “Бесаводӣ ва талбандагии онҳо барои имиҷу эътибори Тоҷикистон зарбаи сахт мезанад”,-афзуд ӯ.
Муҳаммад Юсуф, хатмкунандаи мактаби динӣ ва сокини деҳаи Тундара бар ин назар аст, ки таҳсил калиди аслии аз байн бурдани талбандагӣ миёни кӯдакони лӯлӣ мебошад: “Ман ҷонибдори он ҳастам, ки кӯдакони мо аз рӯи ихтисос таҳсил бигиранд ва ояндаи худро таъмин намоянд.” Бо ин ҳама, Муҳаммад Юсуф иқрор мешавад, ки ҷалби кӯдакони лӯлӣ ба мактаб кори соддае нахоҳад буд.
(Ин матлаб дар доираи лоиҳаи дафтари Институти инъикоси Ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон нашр шудааст)