ВИДЕО: Жириновский зери таъсири дору журналистонро таҳқир кардааст?
Фраксияи ҳизби либерал-демократи Русия ё ЛДПР, рафтори таҳқиромези раҳбари ҳизб - Владимир Жириновскийро нисбат ба ду хонуми журналист "таъсири дору" гуфтааст.
Жириновский 18 апрели соли ҷорӣ дар посух ба суоли “оё мешавад, дар ҷавоб ба таҳримҳои Украина оид ба манъи вуруди русиягиҳо ҷавоб дод?”, як хабарнигори ҳомила ва ҳамкори ӯро таҳқир кард. Баъдан, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия изҳор дошт, ки ин ҳарфҳоро дар сари эҳсос гуфта буд ва расман узр мепурсад. Аммо хабарнигори Russia Today ба пулис шикоят бурда ва тасмим дорад ин масъаларо то додгоҳ бикашад.
ИТАР-ТАСС менависад, дар номае, ки фраксияи ЛДПР дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, Жириновский зери таъсири доруҳое, ки табибон ба ӯ тавсия додаанд, ба журналистон носазо гуфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки Михаил Федотов, раиси Шӯрои назди президенти Русия дар умури ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта, "мактуб танҳо барои аъзои шӯро буд, на барои нашр”.