Хонандаи азиз, “Озодагон” тасмим гирифт, саҳифаи наверо бо номи “Дуруст бинависем” омода карда, дар он назар ва шарҳи донишмандону адибон ва забоншиносонро пиромуни калимаву ибораҳое, ки ғалат истифода мешаванду дар шабакаи Фейсбук низ гузошта мешаванд, гирд оварад.
БУРДБОРӢ Ё КОМЁБӢ?
“Бурдборӣ” дар ҳамаи фарҳангномаҳои қадиму ҷадид ба маънои сабру таҳаммул, тоқат, шикебоӣ тафсир шудааст. Аслитарин муродиф (синоним)-и тоҷикии калимаи арабии “сабр” мебошад ва аз назари реша бо “таҳаммул”-и арабӣ монанд аст, чун “таҳаммул” аз решаи “ҳамала” яъне “бор бурдан” аст.
Масъала ин аст, ки аксаран дар навиштору гуфтори матбуот ва расонаҳои мо аз ин калима ба маънои “комёбӣ”, “муваффақият”, “дастовард” истифода мекунанд. Дар ин хусус пештар ёдддоштҳое зимнӣ шуда буд, вале бо таваҷҷӯҳ ба густариши рӯзафзуни ин иштибоҳ лозим омад дар фасли алоҳидае дигарбора ба ин мавзӯъ муроҷиат шавад.
Масалан, муҷрии барнома дар поёни он ба ҳамсӯҳбати худ хитоб мекунад: “Ба Шумо бурдбориҳои нав ба нави эҷодӣ орзумандем”. Ё ағлаб ин баёнро дар номаҳои табрикотӣ мебинем. Албатта, барои касе орзуи сабру бурдборӣ кардан бад нест (агарчи онро бештар дар мусибат мегӯянд). Аммо равшан аст, ки дар ин хитоб манзури гӯянда на сабр, балки муваффақият ва комёбист.
Решаи зеҳнии ин иштибоҳ ин пиндори ғалат аст, ки калимаро бо “бурд” (масалан бурди кор, бурди бозӣ ва ғ.) дар иртиботи маъноӣ тасаввур кардаанд, ки чунин нест. Мисолҳои фаровоне дар матни адабиёти классикии мо ба маънои саҳеҳу мушаххаси “бурдборӣ”, яъне сабру таҳаммул далолат мекунанд:
Сари бурдборон наёяд ба хашм,
Зи нобуданиҳо бихобанд чашм.
В-агар бурдборӣ зи ҳад бигзарад,
Диловар гумоне ба сустӣ барад…
Сутуни хирад бурдборӣ бувад,
Чу тундӣ кунад, тан ба хорӣ бувад. (Фирдавсӣ)
Бурдборитинатам, хоки таҳаммулпешаам,
Ғайри ҳастӣ ҳарчи бар дӯшам бубандӣ, бор нест. (Бедил)
Хулоса, маънои мушаххас ва равшани “бурдборӣ” сабр, тоқат, таҳаммул, шикебоӣ буда, истифодаи он ба маънои комёбӣ, дастовард ва бурд ғалати маҳз аст. Мутаассифона, ахиран чунин иштибоҳотро, ки дар забони мо чандон собиқа надоранд, баъзе муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ чун вижагиҳо ва тафовути забони тоҷикӣ (бо форсию дарӣ) қаламдод мекунанд, ки ин амр метавонад боиси “қонунӣ” шудани чунин ғалатҳо гардад. Бо ин мулоҳиза ҳам ҳаргиз набояд ба ривоҷ ва идомаи чунин иштибоҳот созиш кард.