Бозиҳои даври 7-и чемпионати Тоҷикистон ба рӯзи дигар гузаронда шуд
Бозиҳои даври ҳафтуми сабқати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ду рӯз барвақтар аз вақти муайяншуда баргузор мешавад.
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозиро аз 31 май ба 29 май гузарондааст. Далели ин тағйирот баргузории тамринҳои тими миллии футболи Тоҷикистон ба хотири омодагӣ ба бозии дӯстона бо яккачини Эстония мебошад, ки 7 июн дар Таллин баргузор мешавад.
«Ҳамчунин дар робита ба ширкати мунтахаби то 16-солаҳо (U-16) дар сабқати байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку, ки аз 28 май то 7 июн баргузор мешавад, бозии даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» ба 17 июн гузаронда шуд»,-хабар додаст, торнамои ФФТ.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7
29 май, панҷшанбе. Оғози бозӣ соати 17:00
ССКА «ПОМИР» - «ЭНЕРГЕТИК»
Душанбе, варзишгоҳи ССКА
«РАВШАН» - «ХУҶАНД»
Кӯлоб, варзишгоҳи марказӣ
«ПАРВОЗ» - «ИСТИҚЛОЛ»
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»
«ХАЙР» - «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА»
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»