Шаҳбол ҳам сарбози нерӯҳои марзбонӣ буд. Аммо чаро касе чизе нагуфт?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи паради низомии 26 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсисёбии қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз маркази таълимӣ ва шифохонаи ин ниҳод боздид кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздидаш аз Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ масъулини онро ба хидмати садоқатмандона даъват кардааст. Инчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дастур додааст, то барои табобати пурраи афсарону сарбозон ҳамкориро бо ин муассисаи табобатӣ ба роҳ монад.
Ба иттилои манбаъ, шифохонаи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки иборат аз 4 ошёна мебошаду аз ҳисоби буҷаи кишвар мавриди таъмиру бозсозии пурра қарор гирифтааст, гӯиё ба сарбозон ва афсарону аҳли оилаи онҳо низ хизмат мерасондааст. Он дорои 160 кати хоб буда, дар як баст то ба 150 нафар хизмати тиббӣ мерасонад. Масъулини шифохонаи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон таъкид намудаанд, бемористони онҳо бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, дар он 147 табибу кормандони гуногун машғул ба коранд.
Даъвати масъулини шифохонаи қушунҳои Сарҳадии Тоҷикистон ба садоқат дар ҳолест, ки Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда ва маъюби ин ниҳод дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе беш аз як моҳ интизори ҷарроҳӣ буд. Пайвандони Шаҳболи 23-сола баъд аз он ки Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, гуфт, ӯ дигар барои ҷарроҳӣ ниёз надорад ва аз ин рӯ, маблағ низ ба ҳисоби беморхонаи Ибни Сино интиқол дода намешавад, ба яке аз беморхонаҳои низомии Русия муроҷиат карданд. Шаҳбол Мирзоев баъд аз як муддати табобат ва мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифтан, рӯзи 18 майи соли ҷорӣ тавассути ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Хуҷанд оварда шуд.
Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар он замон гуфт, табобати писараш дар бемористони Хуҷанд идома меёбад. Қабл аз ин, табибони бемористони ҳарбии Красногорски Русия гуфта буданд, бо вуҷуди ҳолати вазнини Шаҳбол Мирзоев -- сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ӯро ҷавоб медиҳанд. Яке аз табибони ин бемористон дар суҳбат ба “Озодагон” вазъи ӯро вазнини муътадил арзёбӣ карда, афзуда буд, ба далели набудани имконияти молӣ табобати ин сарбоз дар бемористони Русия қатъ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Нуъмон Мирзоев рӯзи 26 май дар рӯзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди таъсисёбии қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки писараш дар ин ниҳод адои хидмат мекард, гуфт, дар муддате, ки дар беморхонаи Хуҷанд Шаҳбол қарор дошт, ба ҷуз як фелдшер ду сарбози одӣ каси дигаре наомадааст. Ӯ гуфт, “як фелдшер ду-се дона доруҳои одиро овардау гуфт, ин кумак ба Шаҳбол, вале ман гуфтам, агар воқеан мехоҳанд, кумак кунанд, ин руйхати доруҳоро гиреду биёред, чун ба инҳо ниёз дорем. Вале бо ҳамин ғайб заду дигар наомад.”
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, дар суҳбат бо хабаргузории "Азия Плюс" гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Инчунин ин ниҳод писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро такзиб карда, таъкид намуд, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Радиои “Имрӯз” дар робита ба ин ҳодиса тадқиқоти журналистӣ анҷом дода, маълум кард, ки Усмоналӣ Ғайратов писари Муҳаммадшариф Ғайратов, корманди бахши конселярии Додситонии кулли кишвар мебошад. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадшариф Ғайратов сокини ҷамоати Сари кишти ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар гузашта аз фанни ҷуғрофия дар мактаб ба донишомӯзон дарс мегуфтааст ва давоми чанд соли охир то корманди бахши конселярии додситонӣ расидааст.