Лағви раводид миёни Тоҷикистону Филипин: Дар навбат 80 кишвари дигар
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, низоми раводид бо кишвари Филипин лағв гардид.
Ба иттилои манбаъ акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд бе гирифтани раводид давоми 30 рӯз дар қаламрави якдигар қарор гиранд: “Тоҷикистониён барои боздид аз Филипин бояд шиносномаи хориҷӣ, чиптаи ҳамопаймо барои бозгашт, ё ба кишвари сеюм дошта бошанд.”
Ин иқдом барои мусоидат ба рушди сайёҳӣ гирифта шуда, Тоҷикистон ният дорад то соли 2016 низоми раводидро бо 80 кишвари дунё лағв кунад.