Даргузашти Ғаниев дар Машҳад ва худдории ширкати эронӣ аз интиқоли тобуташ
Абдуғанӣ Ғаниев, як сокини Тоҷикистон, ки ба хотири табобат ба Эрон рафта буд, дар шаҳри Машҳад даргузаштааст. Ин шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон аз дарди гурда ранҷ мебурд ва ду ҳафтаи пеш бо машварати табибони эронӣ озими Машҳад шуд.
Наздикони Ғаниев мегӯянд, соли гузашта ҳарду гурдаи ӯ аз кор монд ва бародараш Сулаймон як гурдаашро ба ӯ дода буд. Ин ҷарроҳиро табибони эронӣ анҷом дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси хабарии Тоҷнюз мегӯяд, гӯиё ширкати ҳавопаймоии “Осмон”-и Эрон аз овардани тобути Абдуғанӣ Ғаниев аз шаҳри Машҳад ба Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Бино бар ин, наздиконаш тасмим гирифтаанд, ҷасади ӯро аз роҳи заминӣ ва тариқи Афғонистон ба ватан интиқол диҳанд.
Як масъули ширкати “Осмон” дар Душанбе далели наовардани тобути Ғаниевро набудани ҷой унвон кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пайвандони Ғаниев, марҳум аз қабл барои бозгашташ чиптаи ҳавопaймои ин ширкатро харидорӣ намуда, ҳатто бима ё суғуртаи тиббӣ ҳам доштааст.
Абдуғанӣ Ғаниев, ки дар Созмони мубориза бар зидди минаҳо кор мекард, бо тахаллуси Боғбон низ ҳикояҳо эҷод менамуд.