Қирғизистон дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон манзил намефурӯшад?
Мақомоти Қирғизистон эҳтимолан бо ҳадафи таҳкими амнияти марзӣ харидории амвол ба шаҳрвандони хориҷӣ дар навоҳии наздисарҳадиро манъ кунанд. Дар ин бора торнамои islamnews.ru хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 26 май кумитаи масоили додгоҳӣ-ҳуқуқии парлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро тасвиб кардааст, ки ба қонун “Дар бораи мақоми вижаи қаламравҳои алоҳидаи марзӣ” тағирот ворид месозад. Алмамбет Шикмаматов, вазири адлия зимни ҷаласаи кумита гуфтааст, “агар қаламрави кишварро ҳифз кардан мехоҳем бояд ин тағиротҳо қабул шаванд”.
Дар ҷараёни баррасии тарҳи қонун зикр шуда, ки бештари маврид барои хариди амвол дар навоҳии наздисарҳадӣ шаҳрвандони ҳамсоякишвар - Тоҷикистон ва Узбакистон муроҷиат мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ баъзан ба низоъҳои лафзӣ ва задухӯрдҳо миёни сокинони наздимарзӣ сабаб мешавад. Яке аз чунин даргириҳо 11 январи соли 2014 дар шимоли Тоҷикистон рух дод, ки аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт.