Волгоград: Ҳалокати як шаҳрванди Узбакистон дар пайи раъду барқ
Як шаҳрванди Узбакистон дар вилояти Волгогради Русия дар пайи раъду барқ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин ҳодиса дар ноҳияи Серафимов рух додааст. Чор шаҳрванди Узбакистон, ки ба кишоварзӣ машғул будаанд, ба саҳро мераванд. Ҳангоми раъду барқ ду нафари онҳо ба замин меафтанд. Яке аз онҳо, ки 54 сол доштааст, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Гуфта мешавад, шояд порчаи оҳане дар кулоҳ сабаби фавти ин нафар шуда бошад. Нафари дигар аз кӯмаки тиббӣ даст кашидааст.