Пирӯзии Русия ва кафкӯбии Раҳмону оғӯшгирии Путин ва Лукашенко (ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар канори ҳамтои русаш - Владимир Путин ва Александр Лукашенко -- президенти Беларус дар бозии ниҳоии мусобиқоти ҷаҳон оид ба хоккей ҳамчун тамошобин ширкат намудааст. Ҳангоми эълони пирӯзии дастаи Русия се раисиҷумҳур кафкӯбӣ карда, якдигарро ба оғӯш мекашанд.
Ин бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Финландия оид ба хоккей рӯзи 25 май дар майдони “Минкс-Арнеа”-и шаҳри Минск, пойтати Беларус баргузор шуд. Дар ин дидор тими мунтахаби хоккейи Русия бар ҳисоби 5:2 ба рақибони худ аз Финландия пирӯз шуда, барои бори 27-ум дар таърихи хоккей қаҳрамон шуд.
Ин дар ҳолест, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ баъд аз зуҳри 23 май озими Беларус шуда буд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода -- ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Шариф Раҳимзода -- вазири рушди иқтисод ва савдо, Қосими Роҳбар -- вазири кишоварзӣ, Шавкат Бобозода -- вазири саноат ва технологияҳои нав, Абдувалӣ Комилзода -- раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Асадулло Раҳмон -- раиси Кумитаи телевизион ва радио, Маликшо Неъматов -- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доштанд.