Мавлон Мухторов, собиқ муовини раиси Кумитаи дин, сардабири маҷалла шуд
Мавлон Мухторов, собиқ муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” таъин шудааст.
Тавре аз Кумитаи дин хабар доданд, Мухторов дар пайи як тағйироти ахири кадрӣ дар ин ниҳод симмати мазкурро соҳиб шудааст. Ӯ тӯли чанд соли охир ба ҳайси муовини раиси Кумитаи дин ифои вазифа мекард ва чанде пештар курсии худро дар ихтиёри Тоҷиддин Асомиддинов, сухангӯи пешини ин ниҳод вогузошт.
Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, ки марбут ба Кумитаи дин аст, интизор меравад, то охирҳои моҳи ҷорӣ аз чоп барояд. Дар ин маҷалла бештар матолиб оид ба масоили динию мазҳабӣ, аз ҷумла дини Ислом ба нашр расида, феълан бо теъдоди 500 нусха ҳар моҳ рӯи чоп меояд. Ба қавли масъулини Кумитаи дин ин маҷалла бо нархи 10 сомонӣ дастраси хонандагонаш хоҳад шуд.