Nexia ва Matiz боз ба бозори Қазоқистон мераванд
Дар Узбакистон ширкатҳои мошинсозӣ имкон пайдо кардаанд, ки то 1 июли соли 2014 сабукравҳои Nexia ва Matiz-ро дар Қазоқистон бифурӯшанд. Шурӯъ аз 5 январи соли равон содироти ин мошинҳо ба Қазоқистон манъ шуда буд, аммо ахиран Остона барои воридоти мошин аз Узбакистон иҷоза додааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки як ҳайати Вазорати иртиботи хориҷии иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва савдои Узбакистон дар шаҳри Остона фурӯши мошинҳои тавлиди ин кишвар дар бозорҳои Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.
Ассосиатсияи тоҷирони мошини Қазоқистон гуфта, ки соли 2013 Узбакистон ба Қазоқистон наздики 14 ҳазор сабукрав фиристодааст, ки баъд аз Русия (86 627 мошин) ва Ҷопон (14 314) дар ҷои сеюм меистад.