АКС: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи марзбонҳо, суннат ва бовари мардум
Аз таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Бахшида ба ин сана, субҳи 26 май дар майдони марказии Душанбе – “Дӯстӣ” паради низомӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор сарбози тоҷик баргузор шуд. Дар он сарбозони Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Гвардияи миллӣ ва Вазорати адлияи кишвар иштирок доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қабл аз қадамзании сарбозон нерӯҳои марзбониро бахши умдаи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ном бурда, гуфт, “қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон замоне таъсис ёфт, ки кишвар бо даргириҳои дохилӣ рӯбарӯ буда, ҳукумат дар як вазъияти на он қадар хуби иқтисодию молӣ барои тақвият ва пурзӯр кардани қувваҳои мусаллаҳ қарор дошт.”
Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон сарбозони кишварро барои хидмати самимонаву софдилона ба Ватан таъкид карда, изҳор дошт, “бо дарназардошти вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо миёни қудратҳои ҷаҳонӣ дар назди шумо вазифаҳои боз ҳам муҳимтар қарор доранд, ки иҷрои онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аскарону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ масъулияти аз ҳарвақта бештар, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва омодагии баланди ҷангиро талаб мекунад.”
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон таъкид кард, ки мардуму миллати тоҷик ба онҳо бовар карда, марзу буми Ватани хешро супоридаанд ва ҳар як сарбозу афсар бояд онро чун неъмати бузургу пурқимат эҳтиёт карда, барои аз ҳар гуна омилҳои халалдорсозанда ҳифз кунад. “Барои ҳимояи шарафмандонаи муқаддасоти миллие, ки халқу давлати Тоҷикистон ба Шумо бовар намудааст, қабл аз ҳама, ғайрату номус, далериву шуҷоат, дасту дили пок ва нияти нек лозим буда, ин суннати некро мо аз аҷдоди бонангу номуси худ ба мерос гирифтаем ва ҳамеша ба он эҳтиром мегузорем”,-таъкид дошт ӯ.