Сафари ғайримунтазираи Барак Обама ба Афғонистон
Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон рафтааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, президенти Амрико, ки аз Вашингтон ба музофоти Багром омадааст, бо неруҳои амрикоӣ мулоқот хоҳад кард. Дар ин дидор масъалаи дар хоки Афғонистон боқӣ мондани теъдоди маҳдуди неруҳои амрикоӣ бо ҳадафи тамрини афғонҳо баррасӣ хоҳад шуд.
Расонаҳо мегӯянд, мулоқоти Барак Обама бо Ҳомид Карзай дар назар нест.