Дарёфти тротил, норинҷак ва силоҳи оташфишон дар Душанбе
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, қазияи дарёфти силоҳи оташфишон ва маводи тарканда дар Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад.
Тавре аз ниҳоди мазкур иттилоъ доданд, кормандони Агентӣ шабонарӯзи гузашта, зимни амалиёти махсус аз хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ шашкаи тротилии вазнаш 100 гр, 2 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва Ф-1, 2 адад тарконакҳои УЗРГМ ва як автомати Калашников бо 231 адад тир дарёфт ва мусодира гардид.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз куҷо ва чӣ хел дастрас шудани ин силоҳу муҳимоти ҷангӣ муайян шуда истодааст.