Тоҳир Муминов дар бораи “Вахш”: Ҳоло ҳам вазъи молӣ хуб нест
Тоҳир Муминов, сармураббии тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа пас аз дидори дастааш бо “Энергетик”-и Душанбе дар нишасти хабарие гуфт, ҳоло ҳам вазъи молии клуб хуб нест.
Ин дидор дар чорчуби даври шашуми чемпионати Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Вахш” паён ёфт.
“Вахш” ҳоло ҳам дар доми мушкили молӣ аст. Ба бозӣ бо “Энергетик” бо шарофати раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон омадем, ки роҳкирои моро барои Душанбе омадан, пардохт намуд”.
Дар мавриди мушкили ҷиддии молӣ доштани “Вахш” Тоҳир Муминов баъди даври шашуми чемпионати Тоҷикистон иттилоъ дода буд. Он вақт ӯ гуфт, дар пайи ин мушкил клуб дар ҳоли барҳам хурдан аст.
"Вахш" баъди шаш давр дар ҷадвали мусобиқот бо 6 имтиёз дар ҷои 7-ум аст.