Пешниҳоди номи Мамадбоқир Мамадбоқиров ва... Толиб Айёмбеков барои музокирот
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ рӯзи 25 майи соли ҷорӣ феҳристи иборат аз нуҳ нафарро барои музокирот бо ҳукумат аз номи эътирозгарон пешниҳод кардаанд.
Ба ин феҳрист номи Музаффар Давлатмиров – халифа, Фаромуз Эргашев – корманди созмони “Лигаи ҳуқуқшиносон”, Толиб Айёмбеков – намояндаи шаҳраки “Хлебзавод”, Мамадбоқир Мамадбоқиров – намояндаи ҷамоати Бархоруғ, Зоир Раҷабов – намояндаи ҷамоати УПД, Ёғибек Ёғибеков – намонядаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Холбаш Холбашев -- фармондеҳи сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Бадахшон, Алим Шерзамонов – раиси ҲСДТ дар ин вилоят ва Улфатхонум Мамадшоева – раҳбари созмони “Номус ва Инсоф” шомиланд. Аммо то ҳол “ҳа” ё “не”-и ин афрод барои музокирот бо ҳукумат аз номи эътирозгарон рӯшан нест.
Бо ин вуҷуд, ҳоло дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, тазоҳуроти сокинон, асосан ҷавонон идома дорад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагону маҷлиси Бадахшон ва созмонҳои байналмилалӣ нуҳ талаби худро дар миён гузоштаанд. Дар ин нома, аз вазъи Хоруғ шадидан нигаронӣ шуда, сабабгори чунин ҳолат “бесалоҳиятӣ”-и мақомоти интизомӣ арзёбӣ шудааст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ дар номаи худ хостааст, “кумисюне, ки ба тозагӣ аз ҳисоби намояндагони раисиҷумҳур, Додситонии кулл, ВКД, КДАМ, роҳбарони сохторҳои интизомии Бадахшон, намояндагои аҳзоби сиёсӣ, ВАО, коршиносон, созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ, Шӯрои куҳансолон ва ҳуқуқшиносон васеъ карда шавад” ва ба хотири ба миён овардани шароити мусоиди кори кумисюн “ҷонибҳо аз баёни ҳаргуна изҳороти шитобкорона ва тасдиқношуда худдорӣ варзанд”.
Муаллифони нома дар идома барканории раҳбарони раёсати умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу вилояти Бадахшон ва “онҳое, ки дар ин қазия манфиат доранд”, талаб кардаанд. Онҳо, инчунин, гуфтаанд, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Бадахшон зери унвони “Дар бораи вазъи Бадахшон” даъват шуда, натиҷаи кори кумисюн бояд ба раисиҷумҳур ва ҳукумат пешниҳод гардад ва дар тамоми расонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардад.
“Аз сабаби пароканда будани гирдиҳамоӣ аз ҳукумати Хоруғ даъват мешавад, барои қонунӣ шумурдани он мусоидат ва иштирокдоронашро аз масъулият озод кунад”,-омадааст дар номаи ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ. Дар охир гуфта шудааст, бояд кафолатнома ва санаи хоси иҷрои ин талабнома хаттӣ пешниҳод гардад.