Шарҳи расмии ВКД дар бораи марги Турсунов ва ноиби пешини Убайдуллоев
Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд.
Бино ба иттилои ВКД, ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) идома дорад.
Абдулҳақ Оев, муовини собиқи шаҳрдори Душанбе дар умури роҳу нақлиёт моҳи январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор гардида буд. Худи Оев гуфта буд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи истеъфояшро навишта ва мехоҳад, бештар ба илм машғул бошад.
Абдуқаҳҳор Турсунов ҳам солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Ӯ муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.
Дар акс: Абдуқаҳҳор Турсунов (чап) ва Абдулҳақ Оев (рост)