Қозии собиқи мусулмонҳо: “Ба донишгоҳе, ки бо сатр намемонад, наравед”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, худдории донишҷӯдухтарон аз таҳсил дар макотиби олие, ки пӯшидани рӯсарию ҳиҷобро барои донишомӯзони худ манъ мекунанд, авло донистааст.
Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони сайти Turajon.org гуфтааст, “агар мусъулини донишгоҳ духтарони мусалмононро иҷоза нидиҳанд, бо риоя кардани либоси исломӣ таҳсил кунанд, пас, барои зани мусалмон ҷоиз нест дар чунин донишгоҳ илм омӯзад.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода таъкид кардааст, риояи либоси мазҳабӣ барои зани мусулмон фарз мебошаду набояд ба хотири таҳсил дар чунин як донишгоҳе аз он сарпечӣ кард: “Иҷро кардани фарзи Илоҳӣ ва ҳифз кардани номуси исломӣ болотар аз таҳсил кардан дар чунин донишгоҳҳо аст.” Ӯ дар охир илова кардааст, маҳрум намудани зани мусулмон аз либосҳои исломӣ, аз ҷумла рӯсарию ҳиҷоб поймолкунии ҳаққи онҳо мебошад.
Ин посухи собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар макотиби миёна ва олии кишвар пушидани рӯсарӣ ва ҳиҷоб қатъиян манъ мебошад ва дар Тоҷикистон танҳо як донишкада ва литсеи исломӣ фаъолият доранд, ки ба донишомӯзони худ чунин маҳдудият ҷорӣ накардаанд. Мақомоти расмӣ борҳо дар ин бора сӯҳбат карда гуфтаанд, бояд донишомӯзон ва толибилмон низомномаи Вазорати маориф ва илм ва худи донишгоҳҳову мактабҳоро, ки пӯшидани сарулибоси ягонаро талқин мекунанд, риоя намоянд. Ба бовари онҳо, чунин тасмим нақзи ҳуқуқи мусулмонҳо набуда, балки ҷорӣ намудани сарулибоси ягона дар донишгоҳҳову мактабҳост.