Баҳои 5-и Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтушунидаш бо Александр Лукашенко
Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои беларусиаш - Александр Лукашенко 10 санади ҳамкорӣ миёни Душанбею Минск ба имзо расидааст.
Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар хабар медиҳад, ин созишномаҳо рӯзи 24 май дар ҳошияи гуфтушуниди ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Беларус ба тасвиб расидаанд. Манбаъ мегӯяд, миёни Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон ва Ширкати истеҳсолкунанда ва фурӯши маҳсулоти саноати сабуки “Беллегпром”-и Беларус оид ёддошти тафоҳум қабул гардидааст.
Инчунин, дар баробари имзо шудани созишнома миёни Кумитаи радио ва телевизиони ду кишвар, санади ҳамкорӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони Беларус низ ба тасвиб расонида шудааст.
Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон ба натиҷаи сафари худ ба Беларус ва мулоқоту гуфтушунидҳояш бо Лукашенко баҳои баланд дода, гуфтааст, “гуфтушунидҳо бо доштани хусусиятҳои корӣ ва эътимодбахш дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмии комиле, ки хоси муносибатҳои ин ду кишвар мебошанд, ба вуқӯъ пайвастанд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз ҳамтои беларусиаш даъват кардааст, то сафари расмиеро ба Душанбе анҷом диҳад. “Ман аз Александр Григоровичи муҳтарам даъват намудам, ки ба Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал оваранд. Умедворам, идомаи гуфтугӯҳои самараноки мо дар Душанбе боз ҳам ба ривоҷ додани ҳамкориҳоямон мусоидат хоҳанд кард”,-афзудааст ӯ.