Афзалшоҳи Шодӣ: “Консерт бо Шералӣ Ҷӯраевро қабул накардам”
Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар таронаҳояш бештар Самарқанду Бухороро васф карда, аз онҳо ба унвони сарзамини тоҷикон ном мебарад, гуфт, барои баргузории консерти якҷоя бо Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбакистонӣ, дар Хуҷанду Истаравшан ризоят надодааст. Ӯ рӯзи 24 май дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” афзуд, чунин пешниҳод ва тасмими баргузории консерт аз оғоз бада, аммо баъдан рад гардидааст.
“Ин хел гапҳо буд, вале ман не гуфтам (рад кардам). Аз тарафи Узбакистон ҳам ба Шералӣ Ҷӯраев иҷоза нашудааст, ки марзро гузашта ба ин ҷо ояд. Ва мо ҳам Шералӣ Ҷӯраевро қабул намекунем”,-таъкид дошт ӯ.
Се рӯзи пеш як манбаи мо дар Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, қарор аст, 31 май дар Истаравшан консерти Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбакистонӣ, ки ахиран таронаеро бар зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сароидааст, баргузор шавад. Бино ба қавли манбаи мо, аслан оқои Ҷӯраев барои иштирок дар як тӯйи соҳибкори истаравшанӣ омада, баъдан дар варзишгоҳи Хуҷанду Истаравшан ҳамроҳи Афзалшоҳи Шодӣ консерт медиҳад.
Дар пайи нашри ин хабар дар торнамои “Озодагон” масъулони ҳукумати Истаравшан бо мо дар тамос шуда, ҳузури Шералӣ Ҷӯраев дар як тӯйи соҳибкори истаравшаниро рад карданд, вале дар мавриди консерти ӯ чизе нагуфтанд. Аммо таблиғи консерти Шералӣ Ҷӯраев, ки дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан буд, ногаҳон ғайб зад.
Хабари омадани Шералӣ Ҷӯраев, овозхони узбак, баъд аз таронаи зидди “Роғун”-аш ба вилояти Суғд бо вокуниш ва баҳсҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯбарӯ гардид. Аксари корбарон ин тасмими мақомотро зери бори танқид гирифта, онҳоро барои тарафдорӣ аз мухолифи сохтмони Роғун, ё ба қавли раисиҷумҳур, ҳаёту мамоти Тоҷикистон муттаҳам намуданд.
Дар ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ торнамои Darakchi.uz аз суруда шудани таронае алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва “Қамбарота” дар Қирғизистон аз сӯи Шералӣ Ҷӯраев хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, матни таронаи мазкур ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст, ки он аз “таҳдидҳо”-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад. Ин торнамо дар идома навишта буд, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад. Чун ба қавли Тошканд дар сурати бунёд шудани ин неругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт.