КДАМ дар бораи марги Азамат Паллаев ва захмӣ шудани Аслишоҳу Наврӯз
Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ҳамлаи шоми 23 ба 24 майи соли ҷорӣ ба бинои худ дар шаҳри Хоруғро амали террористӣ эълон кард. Мақомоти амниятӣ дар изҳороти худ, ки баъд аз зӯҳри 24 май интишор доданд, гуфтаанд, ҳамла аз тарафи афроди номаълум сурат гирифтааст.
“Шахсони номаълум дар ду автомошинаи сабукрав кӯшиши ҳамла ба бинои маъмурии Раёсатро карда, гранатаи дастии навъи “РГД-5”-ро ба сӯи дарвозаи бино партофтанд. Дар натиҷаи чунин амалиёти террористӣ таркиш ба амал омада, аз яроқи тамғаи Калашников ба бинои маъмурии Раёсати КДАМ ҳуҷум карданӣ шуданд”,-омадааст дар изҳорот.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳамлаи мусаллаҳона ва наряди посбонии Раёсат ба хотири пешгирии талафоти ҷонии ҳайати шахсӣ ва муҳофизати объекти махсусан муҳими давлатӣ аз яроқи оташфишон истифода кардааст: “Дар натиҷа ҳамлагарон - Паллаев Азамат, сокини 24-солаи шаҳри Хоруғ, дар ҷойи ҳодиса захм бардошта, ба ҳалокат расид ва ҳамзамон Ноёбшоев Аслишоҳ, сокини 28-солаи ноҳияи Шуғнон ва Айдарбеков Наврӯз, сокини 17-солаи шаҳри Хоруғ бинобар гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхонаи марказии вилоятӣ бистарӣ гаштанд.”
Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон мегӯяд, дар пайи азназаргузаронии маҳалли ҳодиса қисматҳои таркидаи норинҷаки навъи РГД-5 ва теъдоди зиёди гилзаҳои силоҳи “Калашников» ва пистолети тамғаи “Макаров” пайдо шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақомоти амнияти Бадахшон аз сокинони худ қотеона даъват ба амал овардааст, ки аз ҳар гуна амалҳои боиси латма ворид шудан ба оромии кишвар дурӣ ҷӯянд: “Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон бо қотеъияти том изҳор медорад: Ба тамоми кўшишҳои ашхос ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба мақсади зарар расонидан ба кормандони КДАМ, шахс, чамъият ва объектҳои муҳими давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, посухи сазовор дода мешавад.”