Сабқати мошинҳо ва ҳалокати шаш нафар аз як оила
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи нақлиётии хунин дар ҷануби кишвар, ки 6 кушта аз як хонавода бар ҷой гузоштааст, хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, сабабгори асосии ин садамаи хунини рӯзи 23 майи соли ҷорӣ Далерҷон Боймуродов, сокини 28-солаи ноҳияи Панҷ ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” (рақами давлатиаш ТҶ 76-81 АВ/01) ба шумор меравад.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи риоя нашудани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз сӯи Боймуродов ҳангоми сабқат, автомошинаи “Мерседес-Бенс” рақами давлатиаш ТҶ 62-08 АК/01, ки таҳти идораи ронанда Умедҷон Эмомов, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе қарор дошт, ба мошини ӯ бархӯрда, зери чархи Камази дар муқобил омада, мемонад.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар ин садама, ки дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ба миён омадааст, шаш мусофири Мерседеси дуюмӣ, аз ҷумла Фарзона Эмомоваи 26-сола, Рухшона Эмомоваи 27-сола, Парвина Эмомоваи 36-сола ва Беҳзод Ғафурови 6-сола дар ҷои ҳодиса ва Роҳила Ғафуроваи 5-солаю Равшан Эмомови 2-сола, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Умедҷон Эмомов, ронандаи ин автомашина ва Хуршеда Эмомоваи 6-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона мебошанд.