Баҳси "Барқи тоҷик" дар гуфтугӯи Қоҳир Расулзода бо Муаззим Мекан
Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи дарёфти сармоя барои беҳтар кардани вазъи молӣ ва техникии ширкати “Барқи тоҷик”, ягона ниҳоди идора ва назораткунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон мебошад.
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, бо Муаззам Мекан, мудири Шӯрои инфрасохтори Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ дар ин бора мулоқотеро анҷом додааст. Ба иттилои мақомот, дар ин мулоқот Расулзода бо мудири ин ниҳоди молӣ дар бораи ҳамкориҳои энергетикӣ, аз ҷумла иштирок дар беҳтаргардонии вазъи молиявию техникии ширкати “Барқи тоҷик” ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетика ба баҳс кашидаанд.
Инчунин, сарвазири Тоҷикистон бо Муаззам Мекан бархе масоили марбут ба равобити дуҷонибаи кишвар бо ин корпоратсия ва ҳамкориҳои муштарак бо Бонки ҷаҳонию Осиёии рушдро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи ӯро ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла фароҳамории шароити коркарди меваю сабзавот, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ дар ин соҳа ҷалб намудааст.
Ин “ғамхорӣ”-и ҳукумати Тоҷикистон аз ширкати Барқи тоҷик дар ҳолест, ки ахиран масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда 2”, марбут ба Эрон аз болоравии ҳаҷми қарзи ширкати Барқи тоҷик дар назди нерӯгоҳ хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ягона ниҳоди идоракунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз “Сангтӯда-2” 28 миллион доллар қарздор аст.