Муфтӣ зидди ҳаромкориву исроф дар “Занги охир” сухан гуфт
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар хост, садди роҳи ҳаромкорию исрофкории фарзандонашон дар Рӯзи занги камолот шаванд.
Ӯ рӯзи 23 май, ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, гуфт, дар баробари талошҳои раҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фисқу фуҷур ва ҳаромкорию исрофкорӣ дар Рӯзи занги камолот падару модарон низ набояд бетараф бошанд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ изҳор дошт, “солҳои пешин мо шоҳиди хароҷоти зиёд ва исрофкориҳо дар ин ҷашн будем, бахусус дар ин рӯз бисёр фисқу фуҷур рух медод. Набояд фаромӯш кард, комёбии фарзанд дар он нест, ки 11 сол хонаду ҷашн гирад ва ба исрофкорию ҳаромкорӣ даст бизинад, комёбии ӯ замонест, ки воқеан хонда бошаду саводу ахлоқи хуб дошта бошад.”
Дар идома Беҳрӯз Сатторов, имомхатиби масҷиди Марказӣ низ дар тақвияти суханҳои Абдулқодирзода гуфт, “ҳамаи мо шоҳиди садамаи маргбору хунин бо иштироки хатмкунандагон дар солҳои гузшта шуда будему аз даст ба худкушӣ задани як донишомӯзи духтар ба сабаби гӯш надодани волидайн ба хостаҳои ӯ дар рӯзи занги камолот хабар дорем.”
Имомхати тоҷик бо зикри ин нукта, ки Занги камолот солҳои охир ба яке аз масоили ташвишовар табдил ёфтааст, таъкид намуд: “Занги камолот ба ин маъно нест, ки мо мошин фармоиш диҳему дар маркази шаҳр бетартибию бенизомӣ кунем.” Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ аз баргузории Занги камолот рӯзи 7 июн дар кишвар хабар дода, ҳушдор дода буд, дар ин рӯз тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст.
Бар асоси иттилои расмӣ имсол дар Тоҷикистон макотиби миёнаро 103 ҳазор нафар хатм хоҳанд кард, ки беш аз 44 ҳазорашонро духтарон ташкил медиҳанд. Соли гузашта иншондод ба беш аз 111 ҳазор нафар мерасид. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯянд, феълан дар кишвар беш 3 ҳазору 826 мактаби таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки Занги камолот ҳамагӣ дар онҳо 45 дақиқа идома хоҳад ёфт. Теъдоди умумии хонандагон беш аз 1 миллиону 715 ҳазорро ташкил медиҳад.