Сипоси Обама ба Раҳмон барои суботи минтақа
Фарҳод Салим, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Вашингтон ҳафтаи равон ба Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико эътимоднома супоридааст.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, пас аз маросими супоридани эътимоднома, сафир таманниёти Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Обама расондааст.
Ба иттилои манбаъ зимни ин мулоқот Обама низ ба Эмомалӣ Раҳмон барои нақши назаррас дар пайгирӣ ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавӣ, барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии Афғонистон изҳори сипос намуд.