Талаби Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон, аз эътирозгарон
Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз эътирозгарон дар Хоруғ хоҳиш кардааст, гирдиҳамоиро қатъ карда, пароканда шаванд.
Дар ин бора ба “Озодагон” манбаъ аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон хабар дода, афзуд, ки раиси вилоят ваъда дод талаботи эътирозгарон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бо вуҷуд манбаъ афзуд, ки феълан эътирозгарон, ки ҳудуди 500 нафарро ташкил медиҳанд, дар назди бинои ҳукумати вилоят қарор дорад: "Бисёри гирдомадагон ҳатто шабро низ дар майдони пеши ҳукумат рӯз карданд."
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон 22-юми май бо пахши як изҳорот, нигаронии худро баён намуда, талаботи хешро пеш гузоштанд, ки матни пуррааш чунин аст:
Ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи пешомада дар шаҳри Хоруғ нигарон буда ва бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши таниш дар Бадахшон эълом медорад: Рухдодҳои маргбори рӯзи 21-уми май дар Хоруғ як иқдоми аз пеш барномарезишудаи ниҳодҳои интизомӣ барои фишор бар мардуми Бадахшон бо ҳадафи нишон додани нофармонии доимии бархе аз қишрҳои ҷомеъаи вилоят ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва эҷоди фазои тарсу ҳарос, таслим ва итоати кӯркӯрона ба зӯр ва на ба ақли салим, адл ва инсоф барои ҳамзистии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Бо такя ба ормонҳои волои ваҳдати миллӣ ва сулҳу оштӣ ки дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд, ва бо дарки комили масъулияти шаҳрвандиву инсонӣ ва таъкид ба ҳамбастагии комил бо бародаронамон дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи воҳид ва ҷудоинопазири Меҳанамон Тоҷикистон, талаб дорем:
1. Барои баррасӣ ва бозҷӯии рухдодҳои рӯзи 21-уми майи 2014 дар Хоруғ комиссияе муштарак аз намояндагони раёсати ҷумҳурӣ ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов ва намояндагони сохторҳои қудратӣ аз як сӯ ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз дигар сӯ, ташкил шавад.
2. Ҳамин комиссия амалиёти маргбори 24-уми июли соли 2012 дар Хоруғ ва ҳодисаеро низ ки як моҳ пеш дар ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтод, таҳқиқ кунад ва барои пешгирӣ аз вуқуъи ҳаводиси мушобеҳ дар оянда чораҳо бияндешад. Ҳамчунин ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии ширкаткардагон дар рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ барқарор карда шуда ва ба хонаводаҳои осебдида дар он ҳаводис ёрӣ расонда ва зиндониёни сиёсӣ озод карда шаванд.
3. Ҷаласоти изтирории Маҷлиси вилояти Бадахшон ва Маҷлиси шаҳри Хоруғ бо ширкати густардаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баррасии вазъият дар ВМКБ дар робита бо истифода аз силоҳ дар маркази вилоят баргузор шаванд.
4. Ҳама кормандони ҳукумати ВМКБ ва ниҳодҳои амниятию интизомии вилоят ва шаҳри Хоруғ, ки дар бораи ин амалиёт аз қабл огоҳ буда, вале ҳеч гуна чорае барои муҳофизати мардум аз амалиёти низомӣ дар маркази шаҳри Хоруғ наандешидаанд, аз симаташон барканор карда шаванд.
5. Баёнияи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ҳама расонаҳо мунташир шавад. Дар поён аз ҳукумати Тоҷикистон дархост дорем, аз пешдоварӣ дар бораи ин рӯйдод худдорӣ карда ва мунтазири анҷоми бозҷӯиву баррасӣ бошад.