Додситони кулл: Қазияи Ҳусайнӣ дар Хоруғ омили ҷиноӣ надорад
Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи латукӯб ва монеаэҷодкуниҳоро зимни сафари Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумони кишвар дар Хоруғ омухта, ба хулосае омадааст, ки ин ҳодиса омили ҷиноӣ надорад.
Дар посухи расмӣ, ки Додситонӣ ба Ҳусайнӣ ирсол кардааст, аз ҷумла омадааст, "иштирокчиёну шоҳидони муноқишаи рӯзи 28 апрели соли 2014 дар шаҳри Хоруғ пурсида шуда, бинобар набудани аломатҳои таркиби ҷиноятоғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд.”
Дар ҳамин маврид Сайидумар Ҳусайнӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки аз ҷавоби додситонӣ огоҳ буда, ҳамакнун мунтазири посухи Маҷлиси Намояндагон хоҳад шуд: “Воқеан дар кишвари мо як инсоне аз сари роҳ метавонад чизе бигӯяд, ӯро эҳтиром мекунанд. Аммо вақте ба вакил монеа эҷод мекунанд, ҳарфашро задан намегузоранд ин арзише надорад. Ман ҳайронам, ки Додситони кулл дигар аз кӣ баёнот гирифту, онҳо чӣ гуфтанд. Чунки дар баёноти худ ман ва ҳамроҳонам асли қазияро гузориш дода будем. Ба ҳар сурат ман мунтазири ҷавоб парлумон мешавам, то бибинам, ки Маҷлиси намояндагони вакили худро чӣ қадар эҳтиром мекунад.”
Сайидумар Ҳусайнӣ изҳори тааҷҷуб аз он намуд, ки чӣ гуна Додситонии кулл мегӯяд, ки дар он ҳодиса амали ҷиноят набуд, вақте, танҳо эҷоди монеа барои барои паёмрасонии вакили парлумон нақзи моддаи 19-и Сарқонун мебошад.
Масъулини дордситонии кулли кишвар гуфтаанд, ки ҳамчунин ба раиси парлумон-Шукурҷон Зуҳуров маълумот дар мавриди санҷиши дархости вакили мардумиро ирсол кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки 28-уми апрел Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон барои шарҳи паёми солонаи президенти кишвар ба вилояти Бадахшон сафар намуд. Дар Бадахшон раиси мақомоти маҳаллӣ вакили мардумиро напазируфта, барои баргузор нашудани мулоқоти ӯ бо интихобкунандагон монеа эҷод гардидааст. Дар натиҷа барои ҳузури Сайидумар Ҳусайнӣ гурӯҳе аз мардум дар дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ сару садо баланд карда, Шоҳнаими Карим, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки вакили мардумиро ҳамроҳӣ мекардааст, латукӯб намудаанд.
Шукурҷон Зуҳуров аз додситони кулли кишвар талаб карда буд, то ҳодисаи мазкур таҳқиқ шавад.
Қаблан дар ин робита Вазорати умури дохилӣ иттилоия пахш карда, изҳор дошт, ки дар ҷараёни сафари Сайидумар Ҳусайнӣ ба Хоруғ миёни ӯ ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”, навишта буд торнамои ВКД.