ВИДЕО: Ҳукми Зайд Саидов бетағйир монд: Қазия акнун байналмилалӣ мешавад?
Додгоҳи марҳилаи кассатсионӣ, имрӯз, 23-юми май ҳукми 26 соли зиндонро барои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик бетағйир гузошт.
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, "додгоҳи таҷдиди назар комилан ягон чизро тағйир надод ва ҳукми марҳилаи аввали додгоҳро нисбати Зайд Саидов бетағйир монд."
Дар мавриди вокуниши Саидов ба ин қарори додгоҳи таҷдиди назар Қудартов афзуд, ки зерҳимояаш то имрӯз руҳан худро омода мекард, ки ягон чиз тағйир нахоҳад ёфт ва чунин қарорро интизор буд. Ин вакили дифоъ илова намуд, ки баъди гирифтани қарори додгоҳ ба марҳилаҳои баъдӣ ва то додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд.
Бояд тазаккур кард, ки 12-уми май Мадвалӣ Исоев, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи таҷдиди назар хоста буд, то 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон бидуни тағйир боқӣ гузорад. Аммо ҷониби Зайд Саидов бори дигар ба бегуноҳии худ таъкид карда, аз додгоҳ хост, қарори марҳиллаи аввал лағв шавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал рӯзи 25 декабр Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.
Боздошти Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, дар пайи азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, аксарият боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Агарчӣ мақомот онро рад карда, иддао доранд, ки боздошти Саидов бар асоси бисёрзанӣ, тақаллуб, ришват, таҷовуз ба номус ва сӯистифода аз мақоми ӯ сурат гирифтааст.