Сафорат: Маҳбуси тирхӯрда дар зиндони Ёвон эронӣ нест
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабари фирор кардани шаҳрванди зиндонии кишвараш аз маҳбаси ноҳияи Ёвонро такзиб кардааст.
Ин ниҳод бо пахши баёнияе гуфтааст, Маҳдӣ Қамбарӣ, маҳбуси 26 сола, ки гӯиё қасди фирор аз зиндони Ёвонро дошту аз тири посбонҳо ҷароҳат бардоштааст, шаҳрванди Эрон намебошад.
Тавре расонаҳои эронӣ аз қавли дипломатҳои худ дар Тоҷикистон иттилоъ додаанд, Маҳдӣ Қамбарӣ шаҳрванди Афғонистон будааст: “Дар пайи таҳқиқи ин қазия аз сӯи коршиносони Сафорати Эрон дар Душанбе маълум гардид, ин зиндонии маҷруҳшуда табааи афғон аст. Масъулини сафорати Эрон мегӯянд, Маҳдӣ Қанбарӣ, зиндонии маҷруҳ, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад, дар баробари миллионҳо муҳоҷири афғон як муддате низ дар Эрон ба сар бурдааст."
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли ҷорӣ аз маҷруҳ шудани Маҳдӣ Қамбарӣ, маҳбуси зиндони ноҳияи Ёвон аз тири посбонҳо иттилоъ дода, гуфтанд, ӯ шаҳрванди Эрон мебошаду қасди фирор аз маҳбасро кардааст. Каме баътар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз қавли масъулони Сарраёсати умури зиндонҳои Тоҷикистон хабар дода, навишта буд, Маҳдӣ Қамбарт, ки нияти гурехтан аз зиндонро дошт, нуқси равонӣ доштааст. Вале пайвандони маҳбус дар суҳбат бо ин радио ин фарзияи мақомоти тоҷикро рад кардаанд.
Маҳдӣ Қамбарӣ, ки бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон боздошт шуда, ба муҳлати ду сол равонаи зиндон шудааст, то кунун як солу ду моҳи худро дар маҳбас гузарондааст.
Акс аз торнамои бахши тоҷикии Радиои Хуросон