Муассисаҳои таҳсилотии санъати ҷумҳурӣ дар чорчӯбаи кӯмакҳои Хазинаи фавқулоддаи Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадади Тоҷикистон ба маблағи беш аз 53 ҳазору 800 доллари ИМА кӯмак гирифтанд.
Тибқи иттилои расмӣ, ин ба самаранокии раванди таҳсил мусоидат намуда, шароити таҳсилу тадриси донишҷӯён беҳтар мегардад. Гуфта мешавад, бо ёрдами марбута коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собироваи Душанбе ба маблағи умумии 18 560 доллари ИМА ҷиҳози балет харидорӣ намуд. Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Хофизи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 19 250 доллари ИМА соҳиби компютер, аудио- видео аппаратура, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои дарсӣ ва ҷиҳози расмкашӣ гардид, коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Курбонови шаҳри Кӯлоб бошад, бо 16 000 доллари ИМА барои шӯъбаҳои маҳорати актёрӣ ва рассомӣ асбобҳои мусиқӣ, маводу китобҳои дарсӣ ва ҷиҳози расмкашӣ харид.
Ёдрас менамоем, Хазинаи фавқулоддаи Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад ба мақсади расонидани кӯмак дар давраи бӯҳрони молиявӣ (с. 2009) таъсис ёфтааст. Хазинаи мазкур дар ин муддат ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, мактаби мусиқии ш. Қӯрғонтеппа, коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, театри давлатии лӯхтак, театри драмавии русии ба номи В. Маяковский, театри тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов, музейи миллии ба номи К. Беҳзод ва консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов кӯ-маки молиявӣ расонидааст.